БАРҚИЯҲОИ ШОДБОШ БА УНВОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
Мисли рӯзҳои гузашта ба муносибати 18 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз номи сарони давлатҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ва арбобони давлатию ҷамъиятии мамлакатҳои хориҷӣ номаҳо ва барқияҳои шодбош мерасанд. Аз ҷумла, дар барқияи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама гуфта мешавад: «Ҷаноби мӯҳтарам, Президент, Шумо ва мардуми Тоҷикистонро аз номи худ ва халқи Иёлоти Муттаҳида бо иди миллии он – 9 сентябр табрик менамоям. 9 сентябр барои мо рӯзест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистони мустақилу соҳибихтиёр ба Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ба Шумо ва сокинони Тоҷикистон таҷлили фараҳбахши Рӯзи истиқлолиятро таманно дорам». Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул дар барқияи худ менависад: «Ҷаноби мӯҳтарам Президент, Бародари азиз, Шумо ва халқи бародари тоҷикро аз таҳти дил бо Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям. Боварии комил дорам, ки мо бо ҷидду ҷаҳди муштаракамон муносибатҳои самимонаю дӯстонаи мамлакатҳоямонро бештар густариш хоҳем бахшид ва ҳамкории давлатҳоямон ба туфайли кӯшишҳои дуҷониба гуногунсоҳа ва ғанитар хоҳад гашт. Таассуроти гарму ҷӯшони сафари ман ба мамлакати зебоманзари Шумо дар моҳи май ҳанӯз аз хотир зудуда нашудааст. Бори дигар барои меҳмоннавозӣ ва муносибати самимонаи дӯстонаатон аз Шумо изҳори сипос менамоям. Тавре ки зимни мулоқоти гузашта таъкид карда будам, Туркия мамлакати шумо низ мебошад, дарвозаҳои он ба рӯи Шумо — бародари азизи ман ҳамеша боз аст. Ташрифи Шумо ба мамлакати мо ҳамеша боиси сарфарозии банда хоҳад гашт. Ман бо ифодаи эҳсосоти қаноатмандӣ аз меҳмоннавозии тоҷикон Шумо ҷаноби аълоҳазратро ба Туркия даъват менамоям. Моҳи декабр дар шаҳри намояндаи умумии адабиёти классикии тоҷику турк Мавлоно – шаҳри Куня маросими ботантанаи «Шаби Арӯс» баргузор мегардад. Умедворам, ки Шумо дар ин маросим ширкат хоҳед варзид. Аз фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо саломатӣ ва хушбахтӣ, ба халқи бародари тоҷик рӯзгори фараҳмандона ва шукуфоӣ орзу менамоям. Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Лех Качински Президенти Тоҷикистон ва халқи тоҷикро ба муносибати ид табрик намуда, менависад, ки аз номи халқи Лаҳистон ва шахсан аз номи худ ба Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми сокинони Тоҷикистон хушбахтӣ ва рӯзгори нек орзу менамояд. «Боварӣ дорам, ки тоҷикон ҳамчун миллати дорои мероси пурғановати фарҳангӣ ва яке аз миллатҳои қадимтарини минтақа ва анъанаҳои деринаи ҳусни ҳамҷаворӣ бо мамлакатҳои ҳамсоя вазъияти мӯътадилу босуботи тамоми минтақаи Осиёи Марказиро таъмин хоҳанд кард. Имони комил дорам, ки муносибатҳои дуҷонибаи мамлакатҳоямон дар рӯҳияи эҳтироми ҳамдигар, кӯмаки мутақобала ва ҳусни тафоҳум бештар аз пештар равнақу ривоҷ меёбанд. Эҳтироми самимонаи маро қабул фармоед». Роҳбарияти Тоҷикистон ва халқи онро Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Мин Чиет низ табрик менамояд: «Шумо ва халқи Тоҷикистонро аз номи худ ва аз номи халқи Ветнам ба муносибати Иди истиқлоолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям. Бо камоли хурсандӣ изҳор мекунам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мамлакатҳоямон тӯли солҳои охир торафт бештар вусъат меёбанд. Боварии комил дорам, ки ҳамкории мамлакатҳоямон дар оянда низ ба манфиати халқҳои онҳо ривоҷ хоҳанд ёфт. Ман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ ва ба халқи тоҷик хушбахтӣ орзу менамоям. Ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатии комил, хушбахтӣ ва дар вазифаи олии пурмасъулиятатон мувафаққиятҳои бузург таманно дорам», — гуфта мешавад дар барқияи Президенти Ветнам. Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар барқияи худ чунин изҳор мекунад: «Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам, Шумо ва халқи бо мо дӯсти Тоҷикистонро аз номи худ ва халқи Озарбойҷон ба муносибати фаро расидани иди миллӣ — Рӯзи истиқлолият табрик менамоям. Умед аст, ки муносибатҳои анъанавии дӯстона ва дастгирии мутақобала, инчунин ҳамкории доманадори Озарбойҷону Тоҷикистон дар оянда низ ба манфиати халқҳо ва мамлакатҳоямон бештар таҳким ёфта, ба манфиати таъмини сулҳу амнияти минтақа хизмат хоҳанд кард. Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам, дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо саломатии комил, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти Тоҷикистон сулҳу созгорӣ ва шукуфоӣ орзу мекунам». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Иди истиқлолият инчунин Президенти Ҷумҳурии Италия Ҷорҷо Наполитано, Президенти Ҷумҳурии Белорусия Александр Лукашенко, Президенти Украина Виктор Юшенко, Президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осаф Алии Зардорӣ, Папаи Рум Бенедикти ХУ1, Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс, Шоҳи Баҳрайн Ҳамод бинни Исо Алхалифа, Президенти Ҷумҳурии Мали Амаду Туре ва дигарон табрик намуданд. Вуруди номаҳои табрикӣ ва барқияҳои шодбош ба унвони Сардори давлат давом дорад.








Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад






