БОНК БА МИЗОҶОНАШ БЕШТАР ҚАРЗ МЕДИҲАД
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- ҶСШК «Агроинвестбонк» дар ҳашт моҳи соли равон ба шахсони воқеӣ 1 миллиону 513 ҳазору 537 евро, 286 миллиону 434 ҳазору 776 доллари ИМА ва 4 миллиарду 610 миллиону 585 ҳазору 434 рубли русия дод, ки аз хориҷи кишвар фиристода шудааст. Чи тавре ки ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бонки мазкур аз 31 август то инҷониб ба маблағи 493 миллион сомонӣ қарз додааст.Пасандози мизоҷон дар ин давра 119 миллиону 918 ҳазор сомониро ташкил дод. Маблағи дар муомилот будаи бонк дар ин давра беш аз 1 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2008 124% зиёд мебошад. Маблағи умумии бонк қариб 207 миллион сомониро ташкил медиҳад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






