ДАР ФИЛИАЛИ ДДМ ДАР ДУШАНБЕ МАШҒУЛИЯТҲО ШУРӮЪ МЕШАВАНД
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз имрӯз сар карда, дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои донишҷӯён оғоз меёбад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки донишҷӯёнро бо оғози соли нахустини таҳсил муовини сарвазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, мудири шӯъбаи илму маорифи Дастгоҳи Президенти ҷумҳурӣ Ҳамидулло Фақиров, директор ва мудири иҷроияи филиали донишгоҳ дар Душанбе Алексей Раймерс ва Ҳайдар Одинаев, декани факултаи математикаи ДДМ Владимир Чубариков ва муовини декани факултаи «Зуҳуроти умумибашарӣ» Иван Олешковский табрик хоҳанд кард. Хабар дода мешавад, ки машғулиятҳои донишҷӯён дар давраи аввал дар бинои Донишкадаи такмили маҳорати хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешавад. Синфхонаҳои он бо асбобу анҷоми технологии аз Маскав овардашуда таҷҳизонида шудаанд. Машғулиятҳоро дар ин ҷо омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Маскав мегузаронанд. Бояд гуфт, ки тамоми хароҷоти рафту омад ва сафарҳои хидматии онҳоро ҷониби Тоҷикистон ба зимма гирифтааст. Тавре хабар дода шуда буд, филиали ДДМ дар шаҳри Душанбе дар давраи аввал аз рӯи ду ихтисос — математикаю информатика ва муносибатҳои байналхалқӣ мутахассисон тайёр мекунад. Дар ин бора муовини мудири иҷроияи филиали ДДМ дар Душанбе Татяна Умарова ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






