ДАР ФИЛИАЛИ ДДМ ДАР ДУШАНБЕ МАШҒУЛИЯТҲО ШУРӮЪ МЕШАВАНД

Сентябрь 14, 2009 11:22

                 Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз имрӯз сар карда, дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои донишҷӯён оғоз меёбад.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки донишҷӯёнро бо оғози соли нахустини таҳсил муовини сарвазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, мудири шӯъбаи илму маорифи Дастгоҳи Президенти ҷумҳурӣ Ҳамидулло Фақиров, директор ва мудири иҷроияи филиали донишгоҳ дар Душанбе Алексей Раймерс ва Ҳайдар Одинаев, декани факултаи математикаи ДДМ Владимир Чубариков ва муовини декани факултаи «Зуҳуроти умумибашарӣ» Иван Олешковский табрик хоҳанд кард.                 Хабар дода мешавад, ки машғулиятҳои донишҷӯён дар давраи аввал дар бинои Донишкадаи такмили маҳорати хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешавад. Синфхонаҳои он бо асбобу анҷоми технологии аз Маскав овардашуда таҷҳизонида шудаанд. Машғулиятҳоро дар ин ҷо омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Маскав мегузаронанд. Бояд гуфт, ки тамоми хароҷоти рафту омад ва сафарҳои хидматии онҳоро ҷониби Тоҷикистон ба зимма гирифтааст.                 Тавре хабар дода шуда буд, филиали ДДМ дар шаҳри Душанбе дар давраи аввал аз рӯи ду ихтисос — математикаю информатика ва муносибатҳои байналхалқӣ мутахассисон тайёр мекунад.                  Дар ин бора муовини мудири иҷроияи филиали ДДМ дар Душанбе Татяна Умарова ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Сентябрь 14, 2009 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад