«ФАРАЖ» РЎЗНОМА МЕШАВАД?

Сентябрь 1, 2009 13:47

                Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рўзи шанбе 29 август, шумораи навбатии ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсии ғайридавлатии «Фараж» аз чоп баромад.                  Бояд зикр намуд, ки аз замони пайдоиши ВАО — и хусусӣ, нахустин бор ҳафтаномаи хусусӣ «Фараж» дар як ҳафта ду маротиба нашр гардид. Масъалаи табдили ҳафтанома ба рӯзнома на фақат кормандони матбуоти Тоҷикистон балки хонандагон ва доираҳои журналистикаи тоҷикро тӯли солҳои охир ба худ ҷалб мекард. Аз ин хотир, ин мушкилот дар чорабиниҳои гуногун ва дар сатҳҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор мегирифт.                    Ҳафтаномаи «Фараж» тавонист вазъиятро ба нафъи ҳаводорони рӯзнома тағйир диҳад. Бо ин мақсад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардабири рӯзнома Хуршед Ниёзов (Атовулло) вохӯрда, андешаҳои эшонро рӯи чоп овард.                   — Аз ин ба баъд «Фараж» бо мақсади пур кардани халои иттилоотӣ ҳафтае ду бор чоп хоҳад шуд. Чопи ҳаррӯзаи рӯзнома, ин кори оянда аст, потенсиали кадрии мо барои ин кор басанда мебошад, мо танҳо мушкилоти молӣ дорем, ки он ҳам бояд роҳи ҳалли худро ёбад — изҳор дошт сардабир. 

Сентябрь 1, 2009 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд