ГУРӮҲИ КОРӢ ҲОСИЛРО МУАЙЯН МЕКУНАД, ПАХТАРО КӢ МЕЧИНАД?
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Гурӯҳи кории мутахассисони Вазорати кишоварзӣ барои муайян кардани ҳосили пахтаи соли 2009 ба сафари корӣ ба ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ баромаданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2009 бо сабаби боришоти зиёд кишти пахта як моҳ қафо монд. Ин боис шуд, ки чиниши он низ як моҳ таъхир ёбад. Ҷамъоварии ҳосили пахта соли ҷорӣ на дар моҳи август, балки дар моҳи сентябр оғоз ёфт ва ба гуфти мутахассисон ҷамъоварии оммавии он баъди рамазон шурӯъ мешавад. — Бо сабаби мустақиляти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар асоси фармони рақами 111-и Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо дода шудааст, мо ҳуқуқи аз онҳо талаб намудани маълумотро дар бораи ҷамъоварии пахта надорем, — иброз дошт сардори Раёсати растанипарварии вазорат Сайдмурод Баҳриддинов. Соли ҷорӣ донишҷӯён барои ҷамъоварии пахта сафарбар карда намешаванд, ҷамъоварии пахта худ як моҳ қафо аст. Пахта бошад боигарии асосии ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар сурати сари вақт ҷамъоварӣ нашудани он нафақат хочагиҳои деҳқонӣ, ки қувваи кориашон намерасад, зарар мебинанд, балки дар маҷмӯъ ҷумҳурӣ низ зарар хоҳад дид. Пас чӣ бояд кард? Ин саволи рӯз аст, ки аз мутахассисону хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷавоби мушаххас мехоҳад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






