ГУРӮҲИ КОРӢ ҲОСИЛРО МУАЙЯН МЕКУНАД, ПАХТАРО КӢ МЕЧИНАД?

Сентябрь 15, 2009 10:15

                Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Гурӯҳи кории мутахассисони Вазорати кишоварзӣ барои муайян кардани ҳосили пахтаи соли 2009 ба сафари корӣ ба ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ баромаданд.                Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2009 бо сабаби боришоти зиёд кишти пахта як моҳ қафо монд. Ин боис шуд, ки чиниши он низ як моҳ таъхир ёбад. Ҷамъоварии ҳосили пахта соли ҷорӣ на дар моҳи август, балки дар моҳи сентябр оғоз ёфт ва ба гуфти мутахассисон ҷамъоварии оммавии он баъди рамазон шурӯъ мешавад.                — Бо сабаби мустақиляти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар асоси фармони рақами 111-и Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо дода шудааст, мо ҳуқуқи аз онҳо талаб намудани маълумотро дар бораи ҷамъоварии пахта надорем, — иброз дошт сардори Раёсати растанипарварии вазорат Сайдмурод Баҳриддинов.                Соли ҷорӣ донишҷӯён барои ҷамъоварии пахта сафарбар карда намешаванд, ҷамъоварии пахта худ як моҳ қафо аст. Пахта бошад боигарии асосии ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар сурати сари вақт ҷамъоварӣ нашудани он нафақат хочагиҳои деҳқонӣ, ки қувваи кориашон намерасад, зарар мебинанд, балки дар маҷмӯъ ҷумҳурӣ низ зарар хоҳад дид. Пас чӣ бояд кард? Ин саволи рӯз аст, ки аз мутахассисону хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷавоби мушаххас мехоҳад.

Сентябрь 15, 2009 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд