КАЙФИ НАШЪА УМРАШРО БАРБОД ДОД
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дирӯз 6 сентябр соати 7 субҳ аз зери дарахти чанор, ҷасади шаҳрванди 45 солаи деҳаи Сангтудаи ҷамоати Гулистони ноҳияи Рудакӣ Файзулло Зоҳиров бе аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, номбурда пеш аз ин бо моддаи 200 КҶ ҶТ доғи судӣ дошт. Дар вақти аз назаргузаронӣ аз назди ҷасад як сӯзандоруи маводи нашъадор дарёфт ва гирифта шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






