«КАЁНӮШ» ДАРИ ХУДРО ДАР МАРКАЗИ ШАҲР БОЗ НАМУД
Душанбе, 16 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи иди Рамазон дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе боз як Маркази нави савдо бо номи «Каёнӯш» дари худро барои шаҳрвандон боз намуд. Маркази савдои «Каёнӯш» дар кӯчаи Айнӣ, 6 собиқ мағозаи «Парасту» (Ласточка) воқеъ гардидаст. Тибқи иттилои директори Маркази «Каёнӯш» Озод Ишратов, ҳадаф аз ташкили чунин Маркази савдо дар маркази шаҳр ғанӣ гардонидани дастархони сокинон ва меҳмонони Душанбе бо маҳсулоти гуногуни истеъмолӣ ва рушди соҳибкорӣ дар пойтахт мебошад. Дар Маркази савдои «Каёнӯш» асосан махсулоти хӯрока ва атриёт, ки истеҳсоли ширкатҳои ватанию хориҷӣ, бахусус Русия, Қазоқистон ва Туркия мебошанд, ба фурӯш гузошта шудааст. О. Ишратов мегӯяд, ки арзиши маҳсулот дар Маркази савдои «Каёнӯш» нисбат ба дигар Марказҳои савдои пойтахт арзонтар буда, дар арафаи моҳи мубораки Рамазон нархи баъзе аз маҳсулоти ширӣ боз поёнтар фароварда шудааст. Маркази савдои «Каёнӯш» аз соати 8 –и субҳ то 11-и шаб фаъолият менамояд. Бо ифтитоҳи Маркази мазкур 14 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. «Дар оянда ният дорем, ки дар дигар гӯшаҳои шаҳр низ чунин марказҳои муосири замонавиро ифтитоҳ намоем», — гуфт дар анҷом О. Ишратов.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






