МЕЪДА – «БОРХАЛТАИ» МАВОДИ МУХАДДИР

Сентябрь 7, 2009 14:57

               Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон як далели интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи мазкур дар деҳаи Гарави ҷамоати Даҳана, шаҳрванд Маҳмадризо Дидоров, соли таваллудаш 1985, сокини ВМКБ, ноҳияи Шуғнон дастгир карда шуд.                Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми муоинаи тиббӣ аз меъдаи ӯ 65 дона бастачаҳои полиэтиленӣ дарёфт карда гирифта шуд. Мувофиқи маълумотномаи ташхиси криминалистӣ ин маводи сахттаъсири героин буда вазнаш 375 гр. ташкил медиҳад. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад. 

Сентябрь 7, 2009 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид