МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АЛОНСО ФУЛГАМ

Сентябрь 24, 2009 18:03

                 Рӯзи 23 – юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк Маъмури Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Алонсо Фулгамро ба ҳузур пазируфт.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин муассисаи бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз соли 1992 ин ҷониб бо кишвари мо ҳамкории судманд дорад, барои мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва кӯмакҳои зиёди башардӯстонааш арзи сипос намуда, ҳамзамон рушди ҳамкориро дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон ва бартарфсозии мушкилоти сунъии минтақаи Осиёи Марказӣ амри зарурӣ номид.                  Алонсо Фулгам ба ислоҳоте, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳтарнамоии фазои сармоягузорию соҳибкорӣ дар мамлакат амалӣ мегардад, баҳои баланд дода, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро баҳри ба 10 – гонаи беҳтарин кишварҳои ислоҳотталаб ворид шудани Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Ӯ ҳамчунин ба тадбирҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ баҳои баланд дод.                Алонсо Фулгам изҳор дошт, ки Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ омода аст, ба татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон мусоидати фаъол намояд, аз ҷумла баҳри мавриди истифода қарор додани иқтидори гидроэнергетикии он ва баҳри бунёди бозори нерӯи барқ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ.                 Алонсо Фулгам ҳамчунин изҳор дошт, ки Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ ҳамкориро бо Тоҷикистон баҳри маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, обтаъминкунӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, идомаи демократикунонии ҷомеа ва ғайра давом хоҳад дод

Сентябрь 24, 2009 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид