МУТРИБОНИ ТОҶИК ДАР ҲАЙАТИ ДАСТАИ СИМФОНИИ ИДМ МАШҚ МЕКУНАНД
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Ду нафар мутриби ҷавони тоҷик – скрипканавоз Азалия Галиаҳмадова ва кларнетнавоз С.Амонов имсол ба ҳайати дастаи симфонии мутрибони ҷавони мамлакатҳои ИДМ шомил гардиданд. Онҳо имрӯзҳо дар толори калони Филармонияи Маскав барномаи нави консертиро машқ мекунанд. Барномаи нави консертӣ аз 22 сентябр сар карда, дар шаҳрҳои Одесса, Киев, Минск, Ереван, Кишинёв ва Маскав намоиш дода мешавад. Дастаи мутрибони ИДМ ҳунарпешагони Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия ва ғайраро муттаҳид месозад. Азалия Галиаҳмадова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки машқҳо ҳар рӯз аз соати 10 то 7 — и бегоҳ давом мекунанд. Ба ҳунарпешагони ҷавон дирежёри машҳури рус Марк Борисович Горенштейн роҳбарӣ мекунад. Чунин ҳамкорӣ ба такмили маҳорат ва ҳунари мутрибон кӯмаки калон мерасонад, гуфт Азалия. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки дастаи нахустини мутрибони ИДМ моҳи ноябри соли 2007 дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона зимни Мулоқоти зиёиёни илмию эҷодкори давлатҳои ИДМ ҳунарнамоӣ карда буд. Дастаи мазкур соли 2008 ба Тоҷикистон сафари эҷодӣ анҷом дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






