МУТРИБОНИ ТОҶИК ДАР ҲАЙАТИ ДАСТАИ СИМФОНИИ ИДМ МАШҚ МЕКУНАНД

Сентябрь 15, 2009 11:12

                 Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Ду нафар мутриби ҷавони тоҷик – скрипканавоз Азалия Галиаҳмадова ва кларнетнавоз С.Амонов имсол ба ҳайати дастаи симфонии мутрибони ҷавони мамлакатҳои ИДМ шомил гардиданд.                  Онҳо имрӯзҳо дар толори калони Филармонияи Маскав барномаи нави консертиро машқ мекунанд. Барномаи нави консертӣ аз 22 сентябр сар карда, дар шаҳрҳои Одесса, Киев, Минск, Ереван, Кишинёв ва Маскав намоиш дода мешавад. Дастаи мутрибони ИДМ ҳунарпешагони Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия ва ғайраро муттаҳид месозад.                 Азалия Галиаҳмадова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки машқҳо ҳар рӯз аз соати 10 то 7 — и бегоҳ давом мекунанд. Ба ҳунарпешагони ҷавон дирежёри машҳури рус Марк Борисович Горенштейн роҳбарӣ мекунад. Чунин ҳамкорӣ ба такмили маҳорат ва ҳунари мутрибон кӯмаки калон мерасонад, гуфт Азалия.                 Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки дастаи нахустини мутрибони ИДМ моҳи ноябри соли 2007 дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона зимни Мулоқоти зиёиёни илмию эҷодкори давлатҳои ИДМ ҳунарнамоӣ карда буд. Дастаи мазкур соли 2008 ба Тоҷикистон сафари эҷодӣ анҷом дод.

Сентябрь 15, 2009 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд