ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТҲО ДАР КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – 14 сентябр дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии ҷумҳурӣ машғулиятҳои навбатӣ шурӯъ гардиданд. Дар ин машғулиятҳо хизматчиёни давлатие иштирок менамоянд, ки соли 2009 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд. Машғулияти курсҳо се ҳафта давом мекунад. Раиси донишкада Назира Ғаффорова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамаи машғулиятҳо мувофиқи барномаи таълимии дар асоси паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ тартибдодашуда гузаронида мешаванд. Ин дафъа ба курси такмили ихтисос 72 корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳрҳо, ноҳияҳои ҷумҳури ва шаҳри Душанбе ҷалб карда шуданд. Н.Ғаффорова зикр кард, ки дар давоми соли 2009 курси такмили ихтисоси донишкадаро 1177 хизматчии давлатӣ хатм кард. Фаъолияти курсҳо аз соли 2004 шурӯъ гардида буд. То имрӯз курси такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро зиёда аз 7000 нафар хатм кардааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






