ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТҲО ДАР КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Сентябрь 15, 2009 11:04

                Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – 14 сентябр дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии ҷумҳурӣ машғулиятҳои навбатӣ шурӯъ гардиданд. Дар ин машғулиятҳо хизматчиёни давлатие иштирок менамоянд, ки соли 2009 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд. Машғулияти курсҳо се ҳафта давом мекунад.                  Раиси донишкада Назира Ғаффорова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамаи машғулиятҳо мувофиқи барномаи таълимии дар асоси паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ тартибдодашуда гузаронида мешаванд. Ин дафъа ба курси такмили ихтисос 72 корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳрҳо, ноҳияҳои ҷумҳури ва шаҳри Душанбе ҷалб карда шуданд.                 Н.Ғаффорова зикр кард, ки дар давоми соли 2009 курси такмили ихтисоси донишкадаро 1177 хизматчии давлатӣ хатм кард. Фаъолияти курсҳо аз соли 2004 шурӯъ гардида буд. То имрӯз курси такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро зиёда аз 7000 нафар хатм кардааст.

Сентябрь 15, 2009 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид