ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ РӮЗИ ТАВАЛЛУДАШ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ НУТҚ КАРД
Ярославл, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар» — риан.ру). – Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев 14 сентябр, дар рӯзи таваллудаш дар шаҳри Ярославл дар конфронси байналхалқӣ нутқ кард. Конфронс таҳти сарпарастии президенти Русия Д.Медведев гузашт. Ташкилкунандагони он пажӯҳишгоҳи барномасозии ҷамъиятӣ, пажӯҳишгоҳи рушди замони муосир ва Донишгоҳи давлатии Ярославл ба номи Павел Демидов мебошанд. Пахши хабарҳоро дар бораи конфронс Агентии иттилоотии «Новости» ба зимма гирифтааст. Дар конфронс бештар аз 550 намояндаи 18 мамлакат, аз ҷумла, сарвазири Испания Хосе Луис Родригес Сапатеро, сарвазири Фаронса Франсуа Фийон, муншии собиқи умумии НАТО, яке аз роҳбарони пажӯҳишгоҳи муносибатҳои байналхалқии Лондон Ҷорҷ Ислей Макнейл Робертсон, сарвазири собиқи Италия Романо Проди, роҳбари пажӯҳишгоҳи муносибатҳои байналхалқии Фаронса Терри де Монбриал, корманди калони илмии Донишгоҳи Йел Иманнуил Валлерстайн, узви собиқи Шӯрои давлатӣ, муовини раиси Шӯрои давлатӣ ва вазири корҳои хориҷии Чин Тан Сзясюан иштирок доранд. Аз Русия дар конфронс роҳбарони мақомоти федералии ҳокимият, минтақаҳои мамлакат, ҳизбҳои сиёсӣ, роҳбарони мактабҳои олӣ, марказҳои таҳлилӣ, аз ҷумла, роҳбари маъмурияти Президент Сергей Наришкин, муовини аввали роҳбари маъмурияти президент Владислав Сурков, раисони Шӯроҳои федератсия ва Думаи давлатӣ Сергей Миронов ва Борис Гризлов, раиси Суди конститутсионии Русия Валерий Зоркин, роҳбари дастгоҳи ҳукумати Русия Сергей Собянин, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, вазири рушди минтақаҳои мамлакат Виктор Басаргин, намояндаи доимии президенти Русия дар Округи федералии марказӣ Георгий Полтавченко, муншии умумии СААД Николай Бордюжа, роҳбарону намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакат ва дигарон ширкат варзиданд. Хабар дода мешавад, ки дар муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи конфронс намояндагони бештар аз 50 минтақаи Русия иштирок намуд. Ҷараёни конфронсро кормандони 165 ширкати телевизионӣ, радиостансияҳо, нашрияҳо ва воситаҳои ахбори интернетии мамлакатҳои гуногун инъикос менамоянд.