СӮХТОРХОМӮШКУНАНДАГОН ДАҲ ТОННА ҒАЛЛАРО НАҶОТ ДОДАНД
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова, Жасмин Назарова). – Аз Раёсати давлатии сӯхторхомӯшкунии вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳафтаи гузашта дар миқёси мамлакат 27 сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, дар ин муддат дар вилояти Суғд 10 сӯхтор, дар вилояти Хатлон 7 сӯхтор, дар шаҳри Душанбе 5 сӯхтор, ноҳияи Рӯдакӣ 2 сӯхтор, ноҳияи Ваҳдат 2 сӯхтор ва ноҳияи Турсунзода 1 сӯхтор рух дод. Зарари умумии моддии ҳамаи онҳо 214 ҳазору 555 сомонӣ мебошад. Аз ҷумла, 11 сентябр дар бунгоҳи бензингирии шахсии соҳибкор Ҷаббор Ятимов дар ҷамоати «Баҳор» — и шаҳри Ваҳдат сӯхтори калон ба амал омад. Сӯхтор масоҳати 120 метри мураббаъро фаро гирифт. Сабаби рух додани сӯхтор хориҷ гардидани бензин аз як дастгоҳи бензингирӣ мебошад. Бар асари сӯхтори мазкур як мошини шахсӣ сӯхта нобуд шуд. Дар ҷараёни хомӯш кардани сӯхтор 10 тонна ғалла наҷот дода шуд, ки бо сабабҳои номаълум дар ҳудуди бунгоҳи бензингирӣ нигоҳ дошта мешуд. Ғайр аз ин дар ҳудуди бунгоҳи мазкур бар хилофи қоидаҳои бехатарӣ махзанҳои сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешуданд, ки вазни ҳар кадоми онҳо шаш тонна мебошад. Сӯхтор ба соҳибкор ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонд. Ҳамон рӯз дар кӯчаи Тахмоси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар анбори вазорати кишоварзӣ сӯхтор ба амал омад. Зарари он 250 сомониро ташкил дод. Мутахассисон айни ҳол сабабҳои рух додани сӯхторҳо ва гунаҳкоронро муайян менамоянд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






