САФАРИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ БА БЕЛГИЯ
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», наргис Бояхмедова ). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ субҳи имрӯз барои боздиди корӣ ба шаҳри Брюссели Белгия рафт. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Ҳамрохон Зарифӣ дар конфронси вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат меварзад. Конфронси мазкур аз 14 то 17 сентябр давом мекунад. Дар он масъалаҳои амнияти минтақа, таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, энергетика, об ва муҳити зист муҳокима карда мешаванд. Суханронии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар конфронс пешбинӣ карда мешавад. Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни сафар бо вазирони корҳои хориҷии баъзе мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мулоқот хоҳад кард.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






