СОХТМОНИ МАРКАЗИ ГАРМИДИҲӢ БО КӮМАКИ ЧИН
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мутахассисони ширкати саҳҳомии холдинги «Барқи тоҷик», Ҷумҳурии Мардумии Чин бо гузоштани хишти аввалин ба сохтмони Маркази гармидиҳӣ дар шаҳраки Лучоб бо иқтидори 200 мегаватт оғоз кард. Сохтмони Маркази гармидиҳиро ширкати чини Tebian Electric Apparatus (TBEA) ба зимма дорад. Қисмати якуми ба кор оғоз кардани марказ ба муносибати 20 – солагии истиқлолият пешбинӣ шудааст ва он бояд соли 2011 ба кор оғоз кунад. Дар назар аст, ки соли 2013 Маркази гармидиҳӣ пурра ба истифода дода мешавад. Сохтмони маркази гармидиҳӣ дар асоси захираи зиёди ангишти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Маркази гармидиҳӣ баъди пурра ба истифода дода шудан ҳамарӯза 4,8 млн. кВт соат нерӯи барқ истеҳсол карда, 200 ҳазор аҳолии шаҳри Душанберо бо оби гарм , гармӣ таъмин менамояд. Ба гуфти ҳамин манбаъ, маблағи сохтмони лоиҳа 30 млн. доллари амрикоӣ буда, онро давлати Чин пардохт менамояд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






