ТАҶЛИЛИ 80 — СОЛАГИИ «ТОҶИКФИЛМ»
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – 16 октябр ба таъсиси студияи киносозии «Тоҷикфилм» 80 сол пур мешавад. Ба ин муносибат дар Душанбе ҷамъомади ботантана баргузор хоҳад гашт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ба муносибати солгарди таъсиси киностудияи «Тоҷикфилм» филми бадеии «Баҳори як гузар» бори аввал намоиш дода хоҳад шуд. Инчунин филми коргардон Саидҷон Қодирӣ «Набераҳо» пешкаши тамошобинон гардонда мешавад, ки муаллифи он нависандаи маъруф Ғаффор Мирзо буда, намоишномаи филмро шоир Гулназар Келдӣ таҳия намудааст. Киностудияи «Тоҷикфилм» соли 1930 бо номи трести «Тоҷиккино» таъсис дода шуда буд. Солҳои аввал дар ин ҷо филмҳои хроникавӣ ва мустанад ба навор гирифта мешуданд. Дар студия аз соли 1935 сар карда, ба офаридани филмҳои овоздор шурӯъ намуданд. Киностудияи «Тоҷикфилм» соли 1941 бо киностудияи «Союздетфилм» — и Маскав муиттаҳид карда шуд. Ба наворгирии филмҳои пурраметражи бадеӣ дар киностудия аз соли 1957 оғоз ёфт. Киностудия аз соли 1938 то соли 1961 Студияи филмҳои бадеии Сталинобод ном дошт ва соли 1961 ба киностудияи «Тоҷикфилм» табдил дода шуд. Соли 1970 дар шӯъбаи бойгонии киностудия сӯхтори шадид рух дод, ки дар натиҷаи он бисёр филмҳои мустанад ва бадеии солҳои гуногун ба навор гирифташуда сӯхта нобуд шуданд. Фонди давлатии филмҳои Русия соли 2007 нусхаи 112 филми дар натиҷаи сӯхтор нобудшударо ба «Тоҷикфилм» дод. То барҳам хӯрдани ИҶШС дар киностудияи «Тоҷикфилм» ҳар сол 8 филми бадеӣ, 4 филми телевизионӣ, бештар аз 30 филми мустанад ба навор гирифта мешуд. Дар ин ҷо ҳар моҳ маҷаллаи «Тоҷикистони советӣ» ва ҳар се моҳ як маротиба маҷаллаи ҳаҷвии «Калтак» таҳия намуда, теъдоди зиёди филмҳои хориҷӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда мешуданд. Солҳои гуногун дар киностудияи «Тоҷикфилм» филмҳои машҳури «Марги судхӯр», «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», «Ситораи нимашаб», «Достони Сиёвуш», «Посбон», «Фирорӣ», «Асрори оила», «Чашмаи гӯё» ва ғайра ба навор гирифта шудаанд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






