ТОҶИКИСТОН БА МАЪРАКАИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ОМОДА МЕГАРДАД
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мутоби Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Барӯйхатгирии аҳолӣ маъракаи муҳими сиёсӣ буда, гузаронидани он бо сабабҳои ба вуқӯъ омадани дигаргуниҳо дар ҷараёни демографӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, болоравии муҳоҷирати аҳолӣ, авҷ гирифтани проблемаҳои манзилӣ бениҳоят зарур мебошад. Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан бо рафти омодагиҳо ба гузаронидани ин маърака Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Коммисияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҶТ Оқил Оқилов ба ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон сафари корӣ анҷом дода, бо масъулини соҳа ҷаласаҳои махсус доир намуд. Дар ин ҷаласаҳо масоили ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, номгузории кӯчаҳо ва рақамгузории хонаҳо, тайёр намудани маводҳои харитавӣ ва амсоли инҳо баррасӣ шуда, ҷиҳати бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар марҳилаи нави инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодӣ қарор дорад ва донистани он, ки дар солҳои охир шумораи аҳолӣ то чӣ андоза афзудааст, ҳолати бозори меҳнат дар кадом сатҳ қарор дорад, равандҳои муҳоҷирати беруна ва дохилии мамлакат кадом равияро гирифтаанд басо муҳим аст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






