ВАЗИРОНИ МОЛИЯИ ИДМ ДАР МАСКАВ МУЛОҚОТ МЕКУНАНД
Маскав, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – 15 сентябр дар Маскав маҷлиси сеюми вазирони молияи давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Иштирокчиёни маҷлис нақшаи мувофиқа сохтан ва иҷро кардани тадбирҳои муштараки бартараф сохтани оқибати манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявиро дар арафаи мулоқоти роҳбарону намояндагони 20 мамлакати тараққикардаи саноатии ҷаҳон баррасӣ менамоянд, ки 24 — 25 сентябр дар шаҳри Питсбурги ИМА баргузор мегардад. Иштирокчиёни мулоқот вазъи имрӯзаи иқтисодию иҷтимоии мамлакатҳои иттиҳодро муҳокима хоҳанд кард. Аз Тоҷикистон дар ин мулоқот муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Шавкат Соҳибов иштирок мекунад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки маҷлиси нахустини вазирони молияи ИДМ моҳи октябри соли 2008 ва маҷлиси дуюми онҳо моҳи марти соли 2009 баргузор гардида буданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






