ЗАМИН МАНБАИ ДАРОМАД
Восеъ, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бар асоси иттилои ҷонишини раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Восеъ Мирзо Хоркашов дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ кормандони кумитаи заминсозии ноҳия нисбати 110 нафар қонунвайронкунандагони замин ба маблағи 29 ҳазору 950 сомонӣ ҷаримабандӣ намуд, ки аз ин маблағ 21 ҳазору 700 сомониаш ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ аксари қонунвайронкунандагон аз ҷамоатҳои Пахтаобод ва Пахтакор ба қайд гирифта шуда, нисбати онҳо 62 мавод ба суд ва 5 мавод ба прокуратура пешниҳод гардидааст. Мирзо Хоркашов аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бархе аз шаҳрвандон заминҳоро худсарона ишғол менамоянд. Дар ин давра 13 нафар ба қайд гирифта шуд, ки заминҳояшон баргардонида гирифта шудаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






