ҚИРҒИЗИСТОН ЧАРОГОҲҲОИ ХУДРО БА ИҶОРА ДОД

Октябрь 22, 2009 10:29

               Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Вазири кишоварзии Қирғизистон Искандарбек Айдаралиев даъвати роҳбарияти вилоятҳои Ош, Ҷалолобод ва Боткентро дар бораи ба ҶТ иҷора додани заминҳои чарогоҳҳояшон пазируфт. Айни замон барои 1 сол созишнома баста шудааст.                Бино ба иттилои АКИ press, дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ҳазору 800 гектар замини чарогоҳ дар фаслҳои тобистон ва тирамоҳ барои як сол ба иҷора дода шудаанд.               Тибқи созишнома, барои як сар ҳайвоноти дар мавсими тобистону тирамоҳ дар ин чарогоҳҳо нигоҳубиншаванда 3 доллари амрикоӣ пардохт карда мешавад.                Ҳоло маблағи умумии ба иҷора додани заминҳои чарогоҳҳо барои як сол 267 ҳазор доллари амрикоӣ муайян карда шудааст. 

Октябрь 22, 2009 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст