ҚИРҒИЗИСТОН ЧАРОГОҲҲОИ ХУДРО БА ИҶОРА ДОД
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Вазири кишоварзии Қирғизистон Искандарбек Айдаралиев даъвати роҳбарияти вилоятҳои Ош, Ҷалолобод ва Боткентро дар бораи ба ҶТ иҷора додани заминҳои чарогоҳҳояшон пазируфт. Айни замон барои 1 сол созишнома баста шудааст. Бино ба иттилои АКИ press, дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ҳазору 800 гектар замини чарогоҳ дар фаслҳои тобистон ва тирамоҳ барои як сол ба иҷора дода шудаанд. Тибқи созишнома, барои як сар ҳайвоноти дар мавсими тобистону тирамоҳ дар ин чарогоҳҳо нигоҳубиншаванда 3 доллари амрикоӣ пардохт карда мешавад. Ҳоло маблағи умумии ба иҷора додани заминҳои чарогоҳҳо барои як сол 267 ҳазор доллари амрикоӣ муайян карда шудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






