3,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ФОИДАИ СОФ

Октябрь 19, 2009 15:25

                 Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз идораи марказии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ҳафтаи гузашта оид ба фаъолияти «Амонатбонк» дар 9 моҳи соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарони шӯъбаҳо, филиалҳо, сардорони раёсатҳои гуногуни бонк, инчунин намояндагони дигар муассисаҳои молиявии ҷумҳурӣ ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид.                   Дар ҷаласа ҷонишини раиси бонки давлатии амонатгузорӣ Гулнора Ҳасанова бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад карда, қайд намуд, ки новобаста ба бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, «Амонатбонк» дар нӯҳ моҳи соли равон ба муваффақиятҳо ноил шуд. Сохторҳои бонк аз амалиётҳои бонкӣ ва хизматгузории бонкӣ 3,2 миллион сомонӣ фоидаи соф ба даст оварда, ҳаҷми ибтидоии капитали бонкро 109 миллион сомонӣ зиёд карданд. Дар давраи ҳисоботӣ ба 9015 мизоҷон ба андозаи 160 миллион сомонӣ қарз дода шуд.                  «Яке аз муваффақиятҳои асосии бонк барқарор кардан ва тақвият бахшидани муносибатҳои корӣ ва судманд бо муассисаҳои молиявии ҷаҳон мебошад. Аз ҷумла, «Амонатбонк» бо Бонки Давлатии рушди Чин Созишнома дар бораи ҳамкории дуҷониба ба имзо расонид. Ҳамзамон ҳамкориҳо бо Бонки Исломии Рушд, Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо, инчунин дигар ташкилотҳои молиявӣ барои ҷалби сармоя ба соҳаи кишоварзии мамлакат идома дорад. 

Октябрь 19, 2009 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид