БАРҚИЯИ ШОДБОШИ Э. РАҲМОН БА УНВОНИ ХУ СЗИНТАО

Октябрь 1, 2009 11:57

                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла, гуфта мешавад: «Ҷаноби мӯҳтарам Раис, бо камоли қаноатмандии бузург Шумо ва халқи бо мо дӯсти мамлакататонро аз номи халқи тоҷик ва шахсан аз номи худ ба муносибати ҷашни пуршарафи таърихӣ — 60 – солагии эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик менамоям.                Хурсандиовар аст, ки Чин дар ин муддат дар соҳаҳои асосии иқтисодиёт, пеш аз ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ қадамҳои бузург ба пеш гузошт ва ба туфайли ин мамлакатро ба яке аз давлатҳои муқтадиртарини ҷаҳон табдил дод. Ҳамаи ин дастовардҳои бузурги халқи Чин дӯстони мамлакати Шуморо ба ваҷд оварда, обрӯю эътибори мамлакатро дар арсаи байналхалқӣ торафт афзунтар мегардонад.               Тоҷикистон ба қадри муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории самимона бо мамлакати Шумо мерасад, ки халқҳои ҳар ду давлатро ба ҳамдигар қарину наздиктар мегардонад. Ҳамаи ин имрӯз ҳам барои рушди минбаъдаи муносибатҳои мо заминаи боэътимод мебошад.                Ҷидду ҷаҳди муштараки мо ба вусъати ҳамкории доманадор дар доираи равобити дуҷониба ва истифодаи имкониятҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва созмонҳои дигари байналхалқию минтақавӣ ба ин равшан шаҳодат медиҳанд.                Муносибатҳои дӯстонаи мо тӯли солҳои охир бемайлон густариш ёфта, хусусияти доманадортар пайдо мекунанд ва самарабахш густариш меёбанд. Барномаҳои муштараки стратегие, ки дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, намунаи олии вусъати ҳамкориҳои мо мебошанд.                Халқи тоҷик ба саҳми шахсии Шумо, ҷаноби Раис дар рушд ва вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан муфид баҳои баланд медиҳад, ки минбаъд ҳам ба манфиати халқҳои Тоҷикистон ва Чин хизмат хоҳанд кард.                 Мо азми қавӣ дорем, ки дар оянда ҳам бо давлати бузурги Чин ҳамаҷониба ҳамкорӣ карда, кӯшишҳо ва ҷидду ҷаҳди дуҷонибаро ғанитар гардонем, зеро онҳо ҷавобгӯӣ талаботи замони ҳозира мебошанд.                 Ҷаноби мӯҳтарам, ба Шумо аз таҳти дил саломатии комил, хушбахтӣ ва дар бобати ба даст овардани ҳадафҳоятон ба манфиати ободию шукуфоии мамлакататон комёбиҳои беназир орзумандам, ба халқи бо мо дӯсти Чин зиндагии фараҳмандона ва шукуфоӣ орзу мекунам». 

Октябрь 1, 2009 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид