БОНКИ ТАРМИМУ ТАҶДИД ВА РУШДИ АВРУПО ҚАРЗ МЕДИҲАД
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дирӯз Раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов бо намояндагони Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо Даниэл Болшун ва Артур Погосян мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот Даниэл Болшун қайд намуд, ки: «Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузорӣ бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ қарзҳои хурд ҷудо хоҳад кард». Меҳмонон изҳор карданд, ки мутобиқи ваколатҳои худ Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои давлатии молиявӣ, аз ҷумла «Амонатбонк» аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Роҳбарияти «Амонатбонк» дар навбати худ судманд будани ҳамкорӣ бо бонки маъруфи аврупоиро эътироф кард.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






