Э. РАҲМОН БА НОҲИЯИ РАШТ ОМАД
27-уми октябри соли 2009 аз ноҳияи Тоҷикобод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт ташриф овард. Дар ин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ як пули нави 226 – метраро, ки ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Раштро бо шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Иқтидори борбардории ин пул 30 тонна буда, бо харҷи 10 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Бо ҳамин маблағ ҳамчунин 14 километр роҳҳои маҳаллӣ низ навсозӣ шудаанд. Зикр гардид, ки дар ҷараёни корҳои сохтмони иншооти мазкур 80 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд. Дар назди ҳамин пул Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳолии ноҳияи Рашт сӯҳбатҳои дилнишин анҷом дод, ки дар фазои озоду ошкоро ва бо самимияту шукргузорӣ аз сиёсати ободонии кишвар ҷараён гирифт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






