ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МАСКАВ

Октябрь 23, 2009 14:09

                23 юми октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби барномаи сафари давлатии худ ба Федератсияи Русия бо роҳбарият ва ҳайати омӯзгорию профессорӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михайло Ломоносов мулоқот намуд.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди онҳо ба нақши ин донишгоҳи дорои обурӯю нуфузи ҷаҳонӣ дар ташкил ва рушди таҳсилот ва илм дар Тоҷикистон, омода кардани олимон ва мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва таъмини муассисаҳои илмию таълимии мо бо техникаю таҷҳизоти зарурӣ баҳои баланд дода, ба идомаи минбаъдаи анъанаҳои хуби ҳамкории илмию таҳсилотӣ бо Русия ҳавасмандии устувори давлати Тоҷикистонро таъкид намуд.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз фаъолияти пурсамари бисёр хатмкардагони ин донишгоҳ дар муассисаҳои илмию таълимӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон бо қаноатмандӣ ёдовар шуд.                  Аз ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михайло Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва омодагӣ ба кушодани филиалҳои ду донишкадаи бонуфузи дигари Маскав дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда шуд.                  Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михайло Ломоносов Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандааш дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар соҳаҳои илму маориф, бо унвони «Профессори фахрӣ» — и ин муассисаи бонуфузи илмию таълимӣ сарфароз гардонда шуд.

Октябрь 23, 2009 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст