ГЕОЛОГИЯИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

Октябрь 22, 2009 15:55

                Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар» — Наргис Бояҳмедова). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иттилоъ доданд, рӯзҳои 19 ва 20 октябр дар шаҳри Тянтсзин Форуми байналмилалии «Барқарорсозии ҷаҳонии саноати маъданҳои кӯҳӣ дар шароити бӯҳрони молиявӣ» («Global mining industry recovery via join response to financial crisis») баргузор карда шуд. Дар форум 600 намоянда аз 58 мамлакати ҷаҳон, ширкатҳои бузурги маблағгузор, давлатҳои мутараққӣ иштирок карданд.                  Сардори сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ин форум иштирок карда, бо истифода аз маълумоти аудиовизуалӣ дар бораи ҷуғрофия, боигарӣ ва захираҳои маъданҳои кӯҳсори Тоҷикистон барои ҳозирин маълумоти муфассал ва ҷолиб пешкаш кард. Ҳамчунин дар ин форум рушди соҳаи геология дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармояҳои хориҷӣ дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ, самтҳои гуногунҷабҳаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои бузурги хориҷӣ муаррифӣ карда шуд.                   Форум бо ташаббуси вазорати замин ва захираҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи Cina Mining баргузор карда шуд. Дар ҷараёни форум оид ба роҳҳои бартараф кардани бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ мубодилаи афкор ва миёни намояндагони давлатҳо, сармоягузорон ва ширкатҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ муколамаи муфид сурат гирифт.

Октябрь 22, 2009 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ