ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ НАТИҶАИ САФАРИ КОРИИ Э. РАҲМОН БА ҚАЗОҚИСТОН
16 уми октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар машқгоҳи ҳарбии Матибулаки вилояти Ҷамбули Ҷумҳурии Қазоқистон як мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом дода, аз ҷараёни машқҳои муштараки «Ҳамгироӣ — 2009» — и нерӯҳои муштараки зудамали созмони мазкур назорат намуданд. Баҳри иштирок дар мулоқоти ғайрирасмӣ ва назорат аз рафти машқҳои муштарак ба Қазоқистон сарони давлатҳои Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон, Арманистон Серж Саргсян, Қирғизистон -– Қурмонбек Боқиев ва Федератсияи Русия — Дмитрий Медведев ва ҳачунин котибони шӯроҳои амният, вазирони мудофиа ва дигар намояндагони кишварҳои аъзои созмон ташриф оварданд. Ба машқҳои мазкур, ки ҳадафи асосӣ аз онҳо ташкил ва гузарондани амалиёти махсуси муштарак аст, беш аз 7 ҳазор афсару сарбоз ва шумораи зиёди техникаи вазнини ҳарбӣ аз кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷалб шуда буд. Шумораи танҳо ҳавопаймою чархболҳои ба машқҳо ҷалбшуда ба 90 адад расид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин машқҳо гурӯҳи фаврии ситодӣ аз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар намояндагӣ карданд. Дар машқҳо ҷузъутомҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои амният, корҳои дохилӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра иштирок намуда, омодагии муштараки худро сайқал доданд. Бояд хотиррасон намуд, ки нерӯҳои муштараки зудамал як сохтори навташкили Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ буда, омодагии амалии худро бори аввал дар ҷараёни ин машқҳои муштарак мавриди санҷиш ва сайқалдиҳӣ қарор доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






