ИНТИХОБОТИ ТАКРОРИИ ПРЕЗИДЕНТ

Октябрь 21, 2009 17:08

                 Кобул, 21 октябр. (АМИТ «Ховар» — afganistan.ru). – Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон эълон кард, ки 7 ноябри соли ҷорӣ интихоботи такрории президент баргузор мегардад. Президенти мамлакат Ҳомид Карзай дар нишасти матбуотӣ бо иштироки сенатори амрикоӣ Ҷон Керри аз ин қарори комиссия дастгирӣ кард. Дар нишасти конфронсӣ, ки ба воситаи телевизиони миллии мамлакат мустақиман намоиш дода шуд сафири ИМА дар Афғонистон Карл Эйкенберри низ иштирок кард.                   Ёдрас мешавем, ки комиссияи мустақили интихоботӣ дар асоси ҳисоби такрории овози интихобкунандагон дар 210 участкаҳои интихоботӣ ҳодисаҳои қонунвайронкунӣ ва тақаллубкориро ба қайд гирифта натиҷаҳои интихоботро бекор кард. Бинобар ҳамин шумораи овозҳои гирифтаи Ҳомид Карзай камтар гардида, дар маҷмӯъ ҳамагӣ 47,30 фоизи овози интихобкунандагонро ташкил дод. Мувофиқи талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон агар ягон номзад ба мансаби президентӣ 50 фоиз ва 1 овози интихобкунандаро соҳиб нашавад, он гоҳ даври дуюми интихобот бо иштироки ду номзади дар даври аввали интихобот аз дигарон зиёд овозгирифта, барпо карда мешавад.                   Котиби генералии СММ Пан Ги Мун вобаста ба қарори комиссияи интихоботӣ изҳор кард, ки намояндагони СММ ҷидду ҷаҳд мекунанд, ки даври дуюми интихоботи президент ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардад.

Октябрь 21, 2009 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст