ИШТИРОКИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАШНИ 60 – СОЛАГИИ ЧИН

Октябрь 2, 2009 10:12

                 Пекин, 2 октябр. (АМИТ «Ховар» — russian.china.org.сn). – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов баъди чошти 1 октябр дар маросими ботантанаи таҷлили 60 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат варзид.                  Вай баъди анҷоми расми гузашт зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки дар ҷараёни он муваффақиятҳои дар давоми 60 – сол ба даст овардаи ҳамаи вилоятҳо ва минтақаҳои мамлакат намоиш дода шуданд. Қайд карда шуд, ки қисмати ба Ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғур дахлдоштаи ҷашн диққатҷалбкунанда буд. Ин ноҳия бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад ва шароити иқлиму табиат ва тарзи зиндагии мардуми он бо халқи тоҷик умумияти зиёд дорад. Дар ҷараёни ид намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва рақсу мусиқии миллии халқҳои ин ноҳия намоиш дода шуданд. Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур тӯли солҳои охир ба пешрафти калони иқтисодӣ ноил гардид, гуфт Рашид Олимов.

Октябрь 2, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд