КЕННЕТ ГРОСС: «МАН АЗ БОЗГАШТ БА ТОҶИКИСТОН ШОДАМ»
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Тавре хабар дода шуда буд, субҳи имрӯз сафири нави фавқулодда ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон Кеннет Гросс ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътиборнома супорид. Сафири нави ИМА баъди мулоқот бо Президент зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон изҳор намуд, ки аз бозгашт ба Тоҷикистон ниҳоят шод мебошад. Ӯ дар бораи самтҳои асосии фаъолияташ дар вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон сухан ронда, зикр кард, ки ба самтҳои таъмини амният, густариши ҳамкории гуногунҷабҳаи Тоҷикистону ИМА ва рушди фаъолияти сохторҳои демократӣ диққати асосӣ хоҳад дод. Ман кӯшиш хоҳам кард, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории самарабахши мутақобилан муфиди мамлакатҳоямон боз ҳам бештар равнақу ривоҷ ёбанд, гуфт сафир. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки К.Гросс то сафири ИМА дар Тоҷикистон таъин шуданаш, дар намояндагии дипломатии ИМА дар шаҳри Басраи Ироқ кор мекард. Ӯ дар давоми солҳои 2002 – 2004 дар вазифаи муовини намояндагии дипломатии мамлакаташ дар Тоҷикистон кор кардааст. К.Гросс соли 1987 ба хизмати дипломатӣ шурӯъ кардааст. Ӯ солҳои гуногун дар намояндагиҳои дипломатии ИМА дар Гаити, Малайзия, Непал ва Олмон кор кардааст. К.Гросс дастпарвари Донишгоҳҳои Оберн ва Ҷорҷия буда, дар донишкадаи миллии ҳарбӣ унвони илмии магистрро ба даст овардааст. Ӯ бо забонҳои тоҷикию олмонӣ ва фаронсавӣ озодона сӯҳбат мекунад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






