КОНФРОНСИ НАХУСТИНИ ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 22, 2009 15:42

                  Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз дар Душанбе вобаста ба Созишномаи нақлиётии Комиссияи иқтисодии СММ конфронс баргузор шуд. Конфронс бо ташаббуси лоиҳаи минтақавии Агентии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) дар ҳамдастӣ бо вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Дар ҷараёни конфронс асосан масъалаи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба панҷ Созишномаи нақлиётии Комиссияи иқтисодии СММ, ки айни ҳол аз тарафи ҳукумати мамлакат мавриди омӯзиш қарор доранд, баррасӣ карда шуд.                 Конфронсро вазири нақлиёт ва коммуникатсияи мамлакат Олимҷон Бобоев ва мудири минтақавии USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷеффри Лерер кушоданд.                 Дар конфронс қайд гардид, ки «Созишномаи нақлиётии Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ барои бо ҳам мутобиқ кардани қоидаҳои ҳамлу нақли бор дар сарҳад, назорати сарҳадӣ, қоидаҳои ба кормандони соҳаи нақлиёт дахлдошта, талаботи техникӣ ба воситаҳои нақлиёт, коркарди масолеҳи хӯрока ва молҳои хавфовар равона карда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳ шудан ба ин созишномаҳо интиқоли молро ба воситаи сарҳад осон хоҳад кард, ки ин дар навбати худ ба рушди тиҷорат дар мамлакат мусоидат мекунад. Таҷрибаи байналхалқӣ нишон медиҳад, ки зиёд кардани ҳаҷми савдо ба поён шудани нархи молҳои воридотӣ ва афзудани даромади кишвар аз молҳои воридотӣ оварда мерасонад».                  Бояд гуфт, ки аз соли 1993 то ин ҷониб ИМА дар доираи барномаи USAID барои рушди институтҳои демократӣ, муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 300 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст.

Октябрь 22, 2009 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад