КОНСЕРТИ ҲУНАРПЕШАИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Ҳунарпешаи маъруф ва шоистаи Тоҷикистон, мутриби скрипканавоз Азалия Галиаҳмадова дар консерти овозхонони ҷавони мусиқии классикии давлатҳои ИДМ ширкат меварзад, ки 11 ноябр дар Маскав баргузор хоҳад гашт. А.Галиаҳмадова дар ин консерт ҳамроҳи дастаи камеравии «Виртуозы Москвы» таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, барандаи ҷоизаи давлатии ИҶШС Владимир Спиваков иштирок менамояд. Ӯ дар консерт асари мусиқии оҳангсози тоҷик Талаб Сатторов «Достони рухо» ва асари мусиқии оҳангсоз Заррина Миршакар «Респере» — ро иҷро хоҳад кард.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






