ЛОИҲАИ НАВ БАРОИ САНОАТИ БОФАНДАГӢ ВА ДӮЗАНДАГИИ МАМЛАКАТ

Октябрь 23, 2009 14:21

                23 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дирӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзорасонии лоиҳаи нав оид ба расонидани кӯмаки техникӣ ба саноати бофандагӣ ва дӯзандагии мамлакат сурат гирифт. Лоиҳаро муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири миллии лоиҳа Лариса Кислякова, мудири шӯъбаи сиёсат ва барномаҳои Маркази байналмиллалии савдо (МТЦ ЮНКТ АД/ВТО) Фридрих фон Киржбах ва муовини Идораи Швейтсария оид ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Николя Гигас имзо карданд.                 Лоиҳаи нав оид ба расонидани кӯмаки техникӣ ба саноати бофандагӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз ҷониби Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Маркази байналмиллалии савдо дар ҳамкорӣ бо вазорати рушди иқтисод ва савдо, вазорати барқ ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.                 Лоиҳаи мазкур барои дастгирии кормандони саноати бофандагӣ ва дӯзандагии мамлакат равона шуда, ба рушди минбаъдаи соҳа, зиёд намудани имкониятҳои техникӣ, муҳайё кардани шароитҳо барои содирот ва савдои маҳсулоти истеҳсолӣ мусоидат хоҳад кард.

Октябрь 23, 2009 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст