МАРКАЗҲОИ КАСБОМӮЗӢ
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои ҷонишини директори Агентӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Анвар Бобоев, тибқи тадқиқоти миёни сардорони оилаҳо анҷомдодашуда, дар давом солҳои 2003 – 2008 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз 224 ҳазор (соли 2003) ба 805 ҳазор (дар соли 2008) нафар расидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бойтарин кишварҳо дар соҳаи захираҳои табиӣ мебошад, ки ҳар сол имконияти бо кор таъмин кардани 100 – 150 ҳазор нафар коргарро дорад. Барои кам кардани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ зарур аст, ки дар дохили ҷумҳурӣ барои як миллион нафар ҷои кор муҳайё карда шавад, — мегӯяд А. Бобоев. Аммо айни замон чунин имкониятро ҷумҳурӣ надорад. Аз ин ҷиҳат зарур аст, ки ба хориҷи кишвар шахсони ихтисосманд фиристонида шаванд. Бо ин мақсад, дар назди агентии мазкур, Маркази тайёр намудани муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шудааст. 40 фоизи муроҷиаткунандагон мехоҳанд касби сохтмончӣ дошта бошанд. Марказ аз рӯи хоҳши муроҷиаткунандагон ба онҳо касбу ҳунари сохтмончиро меомӯзонад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






