МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ТЙЕРРИ МАРИАНИ

Октябрь 19, 2009 22:25

              19 уми октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Президенти Ҷумҳурии Фаронса дар Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Тйерри Марианиро ба ҳузур пазируфт.               Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд.              Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фаронсаро «шарики асосии Тоҷикистон дар Аврупо» номида, таъкид дошт, ки «мо ба таҳкиму тавсиа додани муносибатҳои гуногунҷанба бо он манфиатдорем, аз ҷумла ба густариши робитаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ».              Тйерри Мариани ба таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки «андешаю пешниҳодҳои Шумо баҳри барқарор сохтани оромию субот дар Афғонистон барои нерӯҳои эътилофии посдори сулҳ бисёр муҳим аст».                Масоили вобаста ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистону Покистон аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.               Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки татбиқи аксари лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳу пулҳо ва ғайра дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ мебошанд.                Таҷдиди фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, ки лоиҳаи асосии ҳамкории имрӯзаи иқтисодии ду кишвар аст, ба иттилои намояндаи Президенти Фаронса тобистони соли 2011 анҷом меёбад.                Бо таваҷҷӯҳ ба таъсири Афғонистон ба авзои кишварҳои минтақа ҳарду ҷониб омодагии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкории ҳарбӣ-сиёсӣ ва амниятӣ, аз ҷумла барои пурзӯр намудани мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.

Октябрь 19, 2009 22:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад