НАМОИШГОҲИ КИТОБ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дирӯз дар китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бахшида, ба 150 солагии зодрӯзи асосгузори адабиёти бадеии мардуми осетин Константин Хетагуров намоишгоҳи китоб баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ҷамъияти осентинҳои Тоҷикистон «Иристон» дар ҳамбастагӣ бо Китобхонаи миллӣ ташкил карда шуд. Дар намоишгоҳ дар баробари асарҳои насриву назмӣ ва драммавии бо забонҳои осентинӣ ва русӣ нашршуда, инчунин осори рассомӣ ва наққошии Константин Хетагуров барои дӯстдорони адабиёт пешкаш гардид. К.Хетагуров ҳамчун шоир, драматург, ҳаҷвнигор, рассом, мунаққиди театриву адабӣ, донандаи ҳуқуқ, инчунин тарҷумони бомаҳорат шинохта мешуд. Осори ӯ ба забонҳои гуногуни ҷаҳон аз ҷумла бо забонҳои ҷопонӣ, ҳиндӣ, тоҷикӣ ва ғайра тарҷума шудаст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






