ПРОКУРОР ҲАМ ПОРА МЕГИРАД?

Октябрь 14, 2009 15:36

                Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов). — 28 сентябри соли 2009 дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ тахминан соати 11-30 дақиқа дар кӯчаи Камонгарон назди бинои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори шӯъбаи назоратии иҷрои қонунҳо дар ҷойи ҳабси пешакӣ ва системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Прокуратураи генералии ҶТ Салимов Анвар Абдурафиевич дар вақти гирифтани пора ба маблағи 1000 доллари ИМА дастгир карда шуд. Салимов А.А. аз шаҳрванд “Х” барои аз муассисаи тафтишотии №1 — и Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи ҶТ озод намудани писараш, ки бо моддаи 141 КҶ ҶТ бо мӯҳлати 2,5 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, пора талаб кардааст. Маблағи 1000 доллар ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.                Нисбати Салимов А. А. аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 319 қ.4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбат ба гумонбаршуда чораи пешгирӣ — ҳабс татбиқ карда шуд. Айни ҳол тафтишот аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе идома дорад.                 Ҳамчунин аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ки пагоҳ 15 октябр соати 14 дар бинои марказии Агентӣ воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ оид ба 9 моҳи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва пешгирии коррупсия баргузор мегардад. Ба саволҳои рӯзноманигорон директори Агентӣ ва сардорони раёсатҳои Агентӣ ҷавоб хоҳанд дод.

Октябрь 14, 2009 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад