ТОҶИКИСТОН АЗ СММ ҚАРЗДОР НЕСТ!

Октябрь 22, 2009 15:47

                  Ню — Йорк, 22 октябр. (АМИТ «Ховар» — un.org). – 21 октябр дар Ню – Йорк муовини котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои идоракунӣ Анжела Кейн вобаста ба авзои молиявӣ дар СММ нишасти матбуотӣ баргузор кард. Анжела Кейн дар рафти нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки аз 200 кишвари аъзои СММ танҳо 22 мамлакат маблағи аъзоҳақиро пардохт кардаанд.                  Аз миёни собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мӯҳлати муайяншуда аъзоҳақиро ба идораи СММ ҷудо карданд. Ҳамчунин давлатҳои Австралия, Канада, Конго, Хорватия, Олмон, Финляндия, Исландия, Италия ва чанди дигар, ки ҳамагӣ 11,4 фоизи СММ — ро ташкил медиҳанд, ба буҷаи Созмон аъзоҳақӣ барои солҳои 2008 – 2009, инчунин маблағҳои барои сулҳофаринӣ, трибуналҳои байналмилалӣ ва барқарорсозии штаб – квартираҳои СММ пешбинишударо пардохт карданд. Сарпарасти асосии СММ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то ҳол маблағҳои худро пардохт накардааст. 

Октябрь 22, 2009 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд