ВАКИЛОНИ ДИФОЪИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУЛОҚОТ НАМУДАНД
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – 23 октябр дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) мулоқоти вакилони дифоъи ҳуқуқи инсони Қирғизистон Турсунбек Акун ва Тоҷикистон Зариф Ализода баргузор шуд. Ҷонибҳо дар хусуси дифоъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва роҳҳои такмили фаъолияти омбудсменҳои ҳарду кишвар мубодилаи афкор намуданд. Дар мулоқот инчунин роҳбари дастгоҳи вакили дифоъи ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Сафаралӣ Ғуломов ва намояндаи Раёсати Комиссари Олӣ оиди ҳуқуқҳои инсон Фиона Фрейзер ширкат намуданд. Намояндаи Раёсати Комиссари Олӣ оиди ҳуқуқҳои инсон Фиона Фрейзер изҳори боварӣ намуд, ки РКОҲи СММ ба сохторҳои омбудсменҳо кӯмаки ихтисосӣ хоҳад кард. Зимнан пешниҳод намуд, ки соли оянда мизи мудаввари минтақавии омбудсменҳои Осиёи Марказӣ баргузор карда шавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






