ЗЕРИСТГОҲҲОИ НАВ БУНЁД МЕШАВАНД
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар заминаи тадбирҳое, ки Ширкати «Барқи тоҷик» бобати тайёрӣ ба зимистони имсола меандешад, дар шаҳри металлургҳои тоҷик – Турсунзода зеристгоҳи пуриқтидори 125 ҳазор киловата насб карда шуд. Пештар дар ин ҷо зеристгоҳи 32 ҳазор киловата мавҷуд буд, ки дар фасли сармо ҳамаи истифодабарандагон бо қувваи барқ таъмин карда наметавонист ва эҳтимоли садамаҳо зиёд буд. Акнун дар шаҳру ноҳияи шаҳри Турсунзода сифати таъминоти барқ ба эътидол даромад. Директори шабакаҳои барқи Турсунзода Ҷаъфар Қаландаров изҳор дошт, ки таъмири асосии зеристгоҳи пуриқтидори 125 ҳазор киловата бо қувваи коргарони худӣ ва дастуру нишондодҳои мутахассисони техникии ШСХК «Барқи тоҷик» анҷом дода шуд. Ҳамин тавр, алҳол шаҳру ноҳияи Турсунзода пурра бо барқ таъмин аст. Сабаби асосӣ дар он аст, ки аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо сари вақт пули барқи истифодашударо пардохт менамоянд ва қарздорон аз барқ маҳрум карда мешаванд. Тавре сардори дафтари матбуоти Ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба мо иттилоъ дод, соли ҷорӣ дар заминаи тайёрӣ ба фасли сармо дар ноҳияҳои Ёвон, Исфара, Рудакӣ, Ҳисор ва шаҳри Душанбе ба ҷои зеристгоҳҳои камқувват ва таъмирталаб зеристгоҳҳои нисбатан пуриқтидортар ва аз таъмири асосӣ бароварда насб карда шуданд. Ҳоло онҳо бомуваффақият кор карда, таъмини барқ ва сифати онро дар ин минтақањо ба эътидол даровардаанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






