ҲАЛОКАТИ ЧАҲОР НАФАР ДАР САДАМА
Кӯлоб, 19 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов).-Дар ҳодисаи нақлиётии рӯзи 15 уми ноябр дар роҳи Кӯлоб Мӯъминобод чаҳор тан ҳалок гардид. Саидмӯъмин Ҳасанов, сардори Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, садамаи мазкур ҳангоми дар гардишгоҳи ин роҳ ба самти муқобил, бо суръати тез ҳаракат намудани мошини сабукрави “Опел Вектра” ва бархӯрдани он ба мусофиркаши навъи ҷиноии “Донг Фенг” ё худ “Тангем” ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷои садама се тан аз мусофирони сабукрави “Опел Вектра” бо исми Ғафорова Ш., Файзова З. ва Сабзалиев И. ҳалок ва мусофирони “Тангем” ба беморхона бурда шуданд, ки як нафари онҳо чанд рӯз пас дар беморхона ҳалок мегардад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






