Э. РАҲМОН МАСАРУ ХОНМАРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
19-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонмаро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон чандин лоиҳаҳо бо дастгирии молиявии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ мешаванд, ки маблағи умумии онҳо ба 128 миллион евро баробар аст. Ба гуфти Масару Хонма, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ҳар сол дар Тоҷикистон татбиқи 10-12 лоиҳаи навро бо маблағи 60-80 миллион доллари амрикоӣ оғоз мекунад ва минбаъд ният дорад, ки ҳаҷми сармоягузориро ба кишвари мо 2 баробар афзун намояд. Барномаи қарздиҳии хурд, ки бо дастгирии бонки мазкур дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, судбахш маънидод гардид ва ҳамзамон таъкид карда шуд, ки минбаъд қарзҳо бештар ба соҳибкорони истеҳсолӣ, аз ҷумла ба соҳибкорони деҳот дода шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгирии бонкҳои саҳҳомии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд тариқи воридшавӣ ба сармояи онҳо ба назар мерасад, иқдоми хуб номида, мавриди дастгирӣ қарор дод. Масару Хонма ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар баҳои баланд дода, аз воридшавии Тоҷикистон ба «даҳгонаи кишварҳои ислоҳотталаб» изҳори қаноатмандӣ намуд. Гуфтугӯйи судманд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия низ сурат гирифт. Вобаста ба вазъи таъминоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон Масару Хонма изҳор дошт, ки Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд омода аст дар навсозии нерӯгоҳи обии Қайроқум саҳмгузорӣ намуда, дар татбиқи дигар лоиҳаҳои гидроэнергетикии он низ иштирок намояд. Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ба 63 кишвари аъзои худ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Япония ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ муроҷиат мекунад, ки ба Тоҷикистон баҳри бартараф намудани мушкилоти вобаста ба таъминоти барқ ва хориҷ шудани Узбекистон аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ кӯмак расонанд. Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бартараф намудани мушкилоти сунъии мавҷуда зоҳир карда шуд.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






