МАОШИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР АРАБИСТОН ЧАНД АСТ?
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Имрӯз дар Кохи Ваҳдати пойтахт дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Арабистони Саудӣ; мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» машварат баргузор гардид. Дар машварати корӣ сардори Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии ВКД ҶТ Девонаев С.А., ҳайати гурӯҳи кории Арабистони Саудӣ зери роҳбарии Раиси комиссияи миллӣ оид ба кор таъминкунии Шӯрои палатаи савдо ва саноати Арабистони Саудӣ Саъд Наҳҳор ал – Баддоҳ, намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ташкилоти байналхалқии муҳоҷират, созмони байналмиллалии меҳнат ва ВАО иштирок карданд. Нахуст, сардори Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии ВКД ҶТ Девонаев Сафиало баромад карда, дар бораи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ дар робита бо ин ташкили курсҳои бепули омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ, шиносоӣ бо урфу одат ва маросимҳои мардуми араб, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон ба Арабистони Сааудӣ сухан ронданд. Сипас, Саъд Наҳҳор ал – Баддоҳ баромад карда, қайд карданд, ки дар Арабистони Сааудӣ 7 миллион шаҳрвандони хориҷӣ ба меҳнат фаро гирифта шудаанд ва ҷониби Арабистон мехоҳад, ки дар қатори ин муҳоҷирони меҳнатӣ тоҷикон низ бошанд. Дар муддати 20 соли охир, боре ҳам ягон муҳоҷири меҳнатӣ дар ин кишвар мавриди латукӯб ва куштор қарор нагирифтааст. Дар кишвари мо пайравони динҳои гуногун кор мекунанд ва давлат ба иродаву ақидаи онҳо дахолат намекунад, фақат ин гуна шахсон ба шаҳрҳои муқаддаси Макка ва Мадина роҳ дода намешаванд. Гузашта аз ин ҳар як шаҳрванди хориҷӣ вазифадор аст, ки ба қонунҳои махаллӣ итоат кунад. Вақти меҳнат барои ҳама муҳоҷирон 8 соат дар як шабонарӯз ва 40 соат дар як ҳафта муқаррар карда шудааст. Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба ҳаҷми маоши муҳоҷирон Саъд Наҳҳор ал – Баддоҳ ҷавоби дақиқ надода, изҳор карданд, ки маош вобаста ба ҳунар, малака, таҷриба ва сифати кори муҳоҷир таъин шуда аз 200 то 20 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил мекунад. Мӯҳлати аввали кор 2 сол буда сипас он метавонад то 10 сол ва аз он зиёд тамдид карда шавад. Аммо, агар шахс ҳамчун устои чӯб ва ё устои оҳан муаррифӣ шуда бошад, пас ӯ фақат бо ҳамон касб ба кор таъмин карда хоҳад шуд. Ҳамчунин баъд аз панҷ соли кори бенуқсон корфармо ба коргар ба миқдори нисфи маоши як сола ва баъд аз шаш соли корӣ ба миқдори ҳаҷми маоши яксола маблағи пулӣ тақдим мекунад. Ҳамаи муҳоҷирони корӣ аз ҷониби ширкатҳои корфармо бо суғуртаи тиббӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд. Меҳмон изҳор карданд, ки ба муҳоҷироне ки бо оилаи худ ба муҳоҷират мераванд имтиёзи бештар дода мешаванд. Дар баробари ин занҳо низ танҳо бо ҳамроҳии шавҳарони худ ба кор қабул карда мешаванд. Ба муҳоҷират танҳо пас аз гузаштани муоинаи тиббӣ иҷозат дода мешавад. Имрӯз Арабистони Сааудӣ барои 206 намуди кор ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон ниёз дорад. Дар машварат инчунин дигар паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он, муносибати давлат ба муҳоҷирон баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






