САҲМИ БОНУВОН ДАР БУЁДИ «РОҒУН»
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи «Саҳми бонувон дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» баргузор гардид. Нахуст ҳамоишро муовини аввали Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қимматгул Алибердиева ифтитоҳ намуда, иброз дошт: «мо бонувон яке аз аввалинҳо шуда, иқдоми Президенти мамлакатро дар хусуси ҷабҳаи заҳмати созанда ба хотири ободии Ватан эълон намудани майдони сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» ҷонибдорӣ намуда, ба унвони бонувони кишвар муроҷиатнома қабул намудем, ки он тавассути воситаҳои ахбори омма ба мардум пешниҳод гардид». Ҳамчунин таъкид гардид, ки истиқлолияти энергетикӣ барои ҷомеаи имрӯзаи мо муҳим буда, занон, ки як ҷузъи ҷомеа ва қувваи ҳалкунандаи фардо мебошанд, ба хотири имрӯзу фардои Ватан, ба хотири ояндаи бузурги Тоҷикистон, саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Мавриди зикр аст, ки бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва ба ин васила расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз самтҳои стратегии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба ин ҳадаф аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда босамар истифода мебарад, то масоили энергетикии кишвар, ки мушкилоти ҳар фарду хонавода низ ҳаст, ҳарчи зудтар бартараф гардад. Лоиҳаи инвестсионии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи энергетика низ пеш аз ҳама ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нигаронида шудаанд. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз иқдоми Сарвари давлат аз иштирокчиёни ҳамоиш, фаъолзанон дар маҳаллаҳо, раисони шӯроҳои занон дар донишгоҳу донишкада ва колеҷҳо даъват ба амал овард, ки ҷиҳати дастгирӣ намудани бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҳиссагузорӣ намуда, ба сохтмони ин иншооти тақдирсози миллат саҳми сазовори худро гузоранд. Ин муроҷиати Кумитаро ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиш якдилона қабул намуда, ба фонди хайрияе, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудааст, саҳмгузорӣ карданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






