ҲАБСИ КОРМАНДИ “ТЯН-ШИ”
Кӯлоб, 1 декабр. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов).-Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Ойҷонбӣ Шарипова, як корманди ширкати “Тян Ши” ро ба мӯҳлати панҷу ним сол равонаи зиндон намуд. Бар асоси иттилои Фурқат Раҳматуллоев, мудири дафтархонаи ин додгоҳ, хонум Ойҷонбӣ чанд тан аз сокинони навоҳии Кӯлобро бо роҳи фиреб ба ин ширкат аъзо намуда, ба онҳо 67 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст. Аммо дар ҳоле ҳукми додгоҳ барои зиндонии ин зан содир шудааст, ки додситонӣ ӯро мутобиқи қонуни авф аз маҳбас озод менамояд. Дар ҳамин маврид ҷабрдидагони ин парванда аз чунин ранг гирифтани кор изҳори нигаронӣ намуданд. Зеро ба қавли эшон пас аз озод шудани ин зан баргардонидани зарари расонида ба онҳо зери суол қарор мегирад. Насрулло Маҳмудов, додситони шаҳри Кӯлоб мегӯяд, мувофиқи Қонун “дар бораи авф” зан танҳо ба озодӣ мебарояд, аммо зарари расонидаро бо назорати додгоҳ бояд ба ҷабрдидагон баргардонад. Барои нахустин маротиба аст, ки як тан узви фаъоли ин ширкат дар Кӯлоб маҳкум ба зиндон мешавад. Орзӯ Ҳамидов, як коршиноси мустақил мегӯяд, ҷабрдидаҳо аз ҳисоби ба истилоҳ “тиҷорати силсилавӣ” мисли “Квестнет” ва “Тян Ши” ояндаи наздик дар Тоҷикистон афзоиш хоҳанд ёфт. Ба гуфтаи ӯ нахуст, бархе сокинони кишвар ба умеди бой шудан ба ин ширкатҳо пайвастанд ва ҳамакнун дарёфтанд, ки ваъдаҳои кормандони ин ширкат дар мавриди сарватманд шудан ба ҳақиқат мувофиқат намекунад. Ҷумъахон Наимов, як корманди ширкати “Тян Ши” мегӯяд, фаъолияти онҳо дар доираи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст ва ҳабси як корманди онҳо бо фаъолиятҳои инфиродии ӯ вобаста аст. Ширкати чиноӣ “Тян Ши” ё худ “Шери Болдор” таи ду соли охир дар шаҳри Кӯлоб фаъолият дорад. Ин ширкат аслан ба фурӯшу таблиғи дорувориҳое шуғл дорад, ки ба гуфтаи аъзоёнаш аз рустаниҳои шифобахш омода шуда, дар таркибашон моддаҳои кимиёвӣ надорад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






